Август 20, 2018 11:54 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи тавлиди мошинҳои кишоварзӣ байни Эрон ва Арманистон

Сандуқи тавсеаи касбу кори Арманистон бо як ширкати эронӣ барои тавлиди муштараки мошинолоти кишоварзӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳсини Раҳимӣ, ройзани бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арманистон гуфт, бар асоси ин тафоҳумнома ширкати эронӣ анвои қатаот ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳои кишоварзии эрониро ба Арманистон содир ва онҳоро дар ин кишвар ба таври ниҳоӣ монтаж мекунад.

Раҳимӣ гуфт, Сандуқи тавсеаи касбу кори Арманистон низ дар заминаи осонсозии равияҳои идорӣ, ҳузур дар намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои тиҷорӣ, кумакҳои фаннӣ, иттилоърасонӣ ва дигар ҳимоятҳои қонунӣ бо ин ширкат ҳамкорӣ мекунад.

Ройзани бозаргонии Эрон дар Арманистон афзуд, бозори ҳадафи ширкати эронӣ ибтидо бахши кишоварзии Арманистон ва дар марҳалаи баъд дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аст.

Эрон ва Арманистон аз декабри соли 2016, пас аз сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ереван, иҷрои барномаҳои мухталиферо барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва афзоиши сатҳи мубодилоти ду кишвар дар дастури кор доранд.

 

Барчасп