Август 23, 2018 13:16 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи ҳафтуми ҷаҳонии Эрон дар касби медали Филдзи риёзӣ

Раиси Анҷумани риёзии Эрон, гуфт: Эрон рутбаи ҳафтуми ҷаҳон дар касби медали Филдзро ба худ ихтисос додааст.  

Муҳаммадалии Деҳқон, дар чиҳилу нуҳумин Конфронси риёзии Эрон дар Донишгоҳи илму санъати Эрон дар Теҳрон афзуд: Дувумин ҷоизаи Филдзро Фаридуни Дурахшонӣ, риёзидони эронӣ касб кард ва Эрон бо касби ин медал, ҷузъи кишварҳои думедалаи ин риштааст ва дар рутбаи ҳафтуми ҷаҳон қарор дорад.

Медали Филдз ҷоизаест, ки ба ибтикори риёзидони канадаӣ Ҷон Чарлз Филдз ҳар чаҳор сол як бор дар Конгресси Иттиҳодияи ҷаҳонии риёзиёт ба риёзидонони ҷавоне, ки кори арзандае дар ин илм анҷом дода бошанд, дода мешавад.