Ибрози таассуфи Эрон аз эъдоми фаъолони сиёсӣ дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37607-Ибрози_таассуфи_Эрон_аз_эъдоми_фаъолони_сиёсӣ_дар_Арабистон
Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, дар баёнияе аз дархости Додситонии кулли Арабистон барои эъдоми Есраъ Алғамғом ва ҳамсари вай ба ҳамроҳи се нафар аз фаъолони сиёсии ин кишвар, ибрози таассуф кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 25, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Эрон аз эъдоми фаъолони сиёсӣ дар Арабистон

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, дар баёнияе аз дархости Додситонии кулли Арабистон барои эъдоми Есраъ Алғамғом ва ҳамсари вай ба ҳамроҳи се нафар аз фаъолони сиёсии ин кишвар, ибрози таассуф кард.

Есраъ Алғамғом, зани 29 солаи арабистонӣ, декабри 2015 ба ҳамроҳи ҳамсараш Мусо Алҳошим ба иттиҳоми ончи тадорук барои барпоии тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Қатифи Арабистон номида шуда, боздошт шуданд ва токунун дар зиндон ба сар мебаранд.

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон дар ин баёния бо таъкид бар инки, сиёсати Арабистон дар саркуби мусулмонони равшанфикр, ҳақталаб ва зулмситез ба иттиҳоми терроризм музҳик ва ғайри қобили қабул аст, эълом кард: Агар бино бошад, бо террористҳо бархурд шавад, ҳуккоми Саудӣ, муттаҳамони радиф аввал ҳастанд, ки масъули қатли садҳо ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳи минтақа ҳастанд.