Мақоми эронӣ: Эрон ва Арабистон метавонанд ихтилофотро бо гуфтугӯ ҳал кунанд
(last modified Mon, 27 Aug 2018 08:25:06 GMT )
Август 27, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Мақоми эронӣ: Эрон ва Арабистон метавонанд ихтилофотро бо гуфтугӯ ҳал кунанд

Сарпарасти зоирони эронӣ дар маросими Ҳаҷ гуфт, Эрон ва Арабистон ду кишвари бузурги минтақа метавонанд, масоили худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд ва ихтилофотро ба ҳаддиақал бирасонанд.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом валамуслимин Саидали Қозӣ Аскар, намояндаи валеи фақеҳ дар умури Ҳаҷ ва зиёрати Эрон, рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Маккаи Мукаррама гуфт:, Эрон ва Арабистон агар ҳамонгуна, ки дар мавзӯи Ҳаҷ бо гуфтугӯ ва таомул тавонистанд барномаҳои худро ба хубӣ пеш бибаранд ба ҳамин гуна низ барои беҳбуди шароити сиёсӣ амал кунанд, натиҷабахш хоҳад буд.

Сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ бо ишора ба нишастҳо ва дидорҳояш бо мақомоти Саудӣ дар мавсими Ҳаҷи имсол ибрози умедворӣ кард, баргузории хуби Ҳаҷи имсол, заминасози беҳбуди равобити Эрон ва Арабистон шавад ва тарафайн бо дар пеш гирифтани дипломосии Ҳаҷ, барои равобити дарозмуддат бо ҳам вориди гуфтугӯ шаванд.

Қозӣ Аскар таъкид кард, душманӣ, ду кишвари Эрон ва Арабистонро ба нуқтаи матлуб нахоҳад расонд ва ҳол, ки фитнаи ДИИШ аз минтақа барчида шудааст, Ҷумҳурии исломӣ бояд ба думболи ҳадафи бузургтар бошад ва бо кишварҳои ҳамсояи худ, як иттиҳоди минтақаӣ ташкил диҳад.