Август 27, 2018 18:24 Asia/Dushanbe

Ҷаласаи Девони байналмилалии додгустарӣ (Лоҳа) барои баррасии шикояти Эрон аз Амрико ба ҷарён афтод ва додгоҳ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ин ҷаласа барои расидагӣ ба дархости Эрон мабнӣ бар судури дастури муваққат дар парвандаи нақзи тааҳҳудоти Амрико ба муҷиби аҳдномаи маваддат, равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқии консулӣ, аз душанбе то панҷшанбе 30 август баргузор хоҳад шуд.

Додгоҳи Лоҳа душанбе барои расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико ба далели хуруҷи якҷониба аз БАРҶОМ ва таҳрими ғайриқонунии кишварамон аст.