Август 30, 2018 17:07 Asia/Dushanbe
  • Сурия: Меҳвари музокироти Зариф ва Эрдуғон

Вазири хориҷаи Эрон ва раисиҷумҳури Туркия, чаҳоршанбешаб дар Анкара дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти Сурия, музокира карданд.

Ба гузориши ИРНА, дидори Муҳаммадҷаводи Зариф бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар дафтари Ҳизби адолат ва тавсеа дар Анкара ва бо ҳузури Мавлуд Човуш Уғлӯ, вазири хориҷаи Туркия баргузор шуд.

Вазири хориҷаи Эрон дар дидори ҷудогона бо ҳамтои турки худ низ дар бораи мавзӯҳои таъйин шуда, бавижа таҳаввулоти Сурия ва нишасти сеҷонибаи сарони се кишвари Эрон, Туркия ва Русия дар Табриз, шимоли ғарби Эрон, гуфтугӯ кард.

Қарор аст, дуввумин даври нишасти сеҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Русия дар бораи баррасии таҳаввулоти Сурия, ҳафтуми сентябри 2018 бо ҳузури раисони ҷумҳурии се кишвар дар шаҳри Табризи Эрон баргузор шавад.

Нахустин даври ин нишасти сеҷониба, 22 ноябри 2017 дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуда буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон асри чаҳоршанбе дар сафаре аз пеш эълом нашуда, вориди Анкара шуд.

 

Барчасп