Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон аз иқтидори мушакии худ ақиб нахоҳад нишаст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37720-Хатиби_намози_ҷумъаи_Теҳрон_Эрон_аз_иқтидори_мушакии_худ_ақиб_нахоҳад_нишаст
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо таъкид бар тадовуми иқтидори мушакии Эрон, гуфт, ҷаҳониён бидонанд Эрон аз хутути қирмизи худ, яъне иқтидори мушакӣ, ақиб нахоҳад нишаст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 31, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон аз иқтидори мушакии худ ақиб нахоҳад нишаст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо таъкид бар тадовуми иқтидори мушакии Эрон, гуфт, ҷаҳониён бидонанд Эрон аз хутути қирмизи худ, яъне иқтидори мушакӣ, ақиб нахоҳад нишаст.

Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо баёни инки амрикоиҳо аҳдшикан ва ғайриқобили эътимод ҳастанд, изҳор кард, Эрон ҳаргиз бо давлати Амрико музокира намекунад.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо таъкид бар ин ки Эрон бо ҳамсоягони худ бародарона рафтор мекунад, афзуд, ин мавзӯъ то замоне аст, ки ҳамсоягон ҳам бо Эрон бародарона рафтор кунанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҷаласаи пурсиш аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон тасреҳ кард, ин ҷаласа намоиши зебои мардумсолории динӣ буд ва тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба низоми исломӣ, дар ин ҷаласаи пурсиш ва посух хунсо шуд.

Оятуллоҳ Хотамӣ ба мушкилоти иқтисодии Эрон низ ишора кард ва гуфт, танҳо роҳи убур аз мушкилоти иқтисодии Эрон, иҷрои сиёсати иқтисоди муқоваматӣ аст ва давлатмардони ҷумҳурии исломӣ барои иҷрои ин сиёсат, бояд тамоми тавони худро бакор гиранд.