Август 31, 2018 17:52 Asia/Dushanbe
  • Посухи Теҳрон ба Порис: Барномаи мушакӣ қобили музокира нест

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса таъкид кард, барномаи мушакии Эрон, дифоӣ, бумӣ, машрӯъ (қонунӣ) ва барои ҳифзу нигаҳдории кишвар ва мардуми Эрон аст.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи ҷумъа гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо мавозеи рушн ва шаффофи худро дар хусуси нигарониҳои бемаврид ва ношӣ аз бардоштҳои нодуруст ва аз сари ноогоҳии бархе кишварҳо, эълом кардааст.

Вай тасреҳ кард, музокироти БАРҶОМ, нишондиҳандаи ҳусни ният ва пойбандии Эрон ба асли гуфтугӯ ва талош дар ҷиҳати баҳрагирӣ аз равишҳои мантиқӣ ва мусоламатомез буд, ки бо хурӯҷи якҷонибаи яке аз муддаиёни зиёдаҷӯ, дигарон ҳам корномаи ғайриқобили қабуле аз худ ба ҷой гузоштаанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон изҳор кард, давлатмардони аврупоӣ токунун натавонистаанд тазминҳои лозим ва кофӣ барои ҳифзи БАРҶОМ ироа кунанд.

Қосимӣ таъкид кард, вазири умури хориҷаи Фаронса медонад онҳо бар асоси тафоҳумоти қаблӣ, гурезе барои анҷоми тааҳҳудоташон надоранд ва Эрон низ то адами анҷоми тамомии тааҳҳудоти Ғарб, ба онон беэътимод аст.

Вай сиёсати минтақаии Эронро сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ донист ва афзуд, агар чунин муборизае хушоянди бархе кишварҳои танишзо ва буҳронсоз нест, онон метавонанд сиёсатҳои худро ислоҳ кунанд.

Вазири умури хориҷаи Фаронса, рӯзи чаҳоршанбе бо иддаои ҳифзи БАРҶОМ, гуфта буд, Эрон бояд дар бораи барномаи мушакҳои баллистик, фаъолиятҳои минтақаӣ ва барномаи ҳастаии худ, пас аз соли 2025 бо Ғарб гуфтугӯ кунад.