Гуфтугӯи телефонии Зариф ва Ле Дриан: БАРҶОМ меҳвари гуфтугӯҳо
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса шанбешаб телефонӣ? гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши ал Олам, Зариф ва Ле Дриан дар ин гуфтугӯи телефонӣ, дар бораи БАРҶОМ, равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа ройзанӣ(машварат) ва табодули назар карданд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, сешанбеи (8 май) бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.
Ин иқдоми раисиҷумҳури Амрико бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БАРҶОМ рӯбарӯ шуд. Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом карданд, ба БАРҶОМ пойбанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.
Дар ҳамин росто, Эрон ва Аврупо дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БАРҶОМ пас аз хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ оғоз кардаанд, Аврупо дар ҷараёни ин музокирот мутааҳҳид шуд, бастае ҳимоятӣ дар чорчӯби БАРҶОМ ва барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ба Теҳрон ироа кунад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, интизор дорад бастаи ироа шуда аз сӯи кишварҳои аврупоӣ, ҳуқуқи миллати Эрон аз БАРҶОМ-ро тазмин кунад.