Эҳдои таблои хушнависии ҳунарманди эронӣ ба Поп Франсис
(last modified Sun, 02 Sep 2018 07:42:13 GMT )
Сентябр 02, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои таблои хушнависии ҳунарманди эронӣ ба Поп Франсис

Таблоҳои сураи Марям (а) мунаққаш ба зарнигории эронӣ, ба раҳбари католикҳои ҷаҳон эҳдо шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар охирин рӯз аз ҷашнвораи рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Филиппин, маросими эҳдои расмии таблоҳои сураи Марям(а), ки хушнависӣ ва мунаққаш ба зарнигории эронӣ шудааст, ба унвони символи муштаракоти ислом ва масеҳият, ба Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон эҳдо шуд.

Дар ин маросим бо ҳузури сафири Ватикан дар Манил ва шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва динӣ, сафири Эрон дар Филиппин, ҳуҷҷатулислом Муҷтабо Акбарӣ, раиси Ҷомеат- ул Мустафо, шӯъбаи Манила ва шуморе аз шахсиятҳои дигар баргузор ва тайи он, ҳашт таблои хушнависӣ ба Поп Франсис эҳдо шуд.

Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Филиппин бо ҳамкории ройзании фарҳангии сафорати Эрон, дар Манила ва Анҷумани дӯстии занони Эрон ва Филиппин ба муддати 45 рӯз бо барномаҳои мутанаввеъ дар маҳаллҳои мухталифи Манила, пойтахти Филиппин, баргузор шуд.