Сентябр 02, 2018 16:15 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Аврупо пешниҳодҳои амалии дорои замонати иҷроӣ ироа кунад

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Тарафҳои аврупоии БАРҶОМ, пешниҳодҳои амалии дорои замонати иҷроӣ ба Эрон ироа надодаанд.

Баҳроми Қосимӣ дар бораи охирин раванди музокироти Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо дар иртибот бо БАРҶОМ, афзуд: Теҳрон мунтазир аст, аз шуракои ғарбии БАРҶОМ пешниҳодҳои амалӣ дарёфт кунад, ки аз замонатҳои лозими иҷроӣ бархурдор бошад.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни инки музокироти Эрон ва Аврупо дар бораи БАРҶОМ идома дорад, таъкид кард: Пешниҳодҳои Аврупо токунун кофӣ набуда ва Эрон ҳануз замонатҳо ва тааҳҳудоти лозим ва амалиро дарёфт накардааст.

 

Барчасп