Сентябр 03, 2018 13:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи шаҳодати Раисалӣ Дилворӣ - Рӯзи мубориза бо истеъмори Англия

Ҷанги ҷаҳонии аввал барои миллати Эрон, ки ҳеҷ иртиботе бо набардҳо ва кишваркушоиҳо надошт, қаҳтии бисёр ва куштори ғайринизомиёнро ба ҳамроҳ дошт.

Соли 1293 (1914) дар оғози ҷанги ҷаҳонии аввал қувваҳои рус аз шимол ва нерӯҳои Англия аз ҷануб, Эронро дар маърази ҳуҷум қарор доданд ва киштиҳои ҷангии Англия дар муқобили Бушеҳр лангар андохтанд. Нерӯҳои ишғолгар дар 17 –и мурдоди 1294 (1915) бо оҳистагӣ Бушеҳр ва навоҳии соҳилии атрофро ишғол карданд. Як рӯз пас аз ишғоли Бушеҳр, чаҳордаҳ нафар аз сокинини он алайҳи ишғолгарон эътироз карданд, вале дастгир ва ба Ҳинд табъид шуданд. Соҳили халиҷи Форс рӯзҳои ғамангезеро сипарӣ мекард.

Ҷавони мубориз ба ҳамроҳи гурӯҳе андак аз туфангдорон дар ҷаласоти махфии худ тасмим гирифтанд, пеши императории Англия биистанд. Чанд телеграф ба мақомоти давлатӣ дар Теҳрон ва Шероз фиристоданд ва корро шуруъ карданд.

Доктор Ғазанфарӣ, устоди Донишгоҳи Бушеҳр ҷузъиёти муборизоти ин далермардро дар ду бахши “Муборизаи Дилворӣ бо англисҳо” ва “Қиёми ӯ бо иҷозаи уламо алайҳи Англия” тавзеҳ медиҳад.

1) Суҳбат дар бораи муборизаи Дилворӣ бо англисҳо:

Шабехунҳои ғофилгиронаи Раисалӣ Дилворӣ англисҳоро ҳайратзада карда буд. Ин иқдомоти Раисалӣ барои давлати Британия ғайриқобили таҳаммул буд ва сабаб шуд сарфармондеҳи нерӯҳои англис дар Шарқ, нерӯҳои омодаи фиристодан ба Бағдодро, ки теъдодашон ду ҳазор нафар буд, ҷиҳати муқобила ва ҳамла ба пойгоҳи Раисалӣ ба Бушеҳр эъзом кунад. Дар набарди сарнавиштсоз Раисалӣ бо 400 нафар аз нерӯҳои худ ба қувваи неруҳои англисҳо шабехун заданд ва 60 нафар аз нерӯҳои мутаҷовиз, аз ҷумла як генерали баландпояро аз пой дароварданд. Як пайванди хуб байни мардум ва уламое, ки аз Раисалӣ ҳимоят карданд, истеъморро дар гил фурӯ бурда буд.

2) Раисалӣ ба шиддат мазҳабӣ буд ва қиёми ӯ бо иҷозаи уламо алайҳи Англия анҷом гирифт.

Раисалӣ баъд аз ин пирӯзӣ тарҳи ҳамлаи саросарӣ ва озодсозии Бушеҳрро омода кард. Дуруст дар шабе, ки нерӯҳо машғули омодасозии тадорукот буданд, дар шаби 12 – уми шаҳривари 1294, баробар бо севуми сентябри соли 1915 – и мелодӣ, ҳангоме, ки ӯ қасди ҳамла ба нерӯҳои англисро дошт, дар маҳалле ба номи Тангаки Сифр аз пушт мавриди исобати гулӯлаи яке аз ҳамроҳони хоинаш ба номи Ғуломҳусайни Тангакӣ қарор гирифт ва дар синни 34 солагӣ ба шаҳодат расид. Аз он мавқеъ ба баъд рӯзи шаҳодати Раисалӣ - Рӯзи мубориза бо истеъмори Англия шудааст.

3) Мақоми муаззами раҳбарӣ:

 “Номи сардори муъмин ва шуҷое мисли шаҳид Раисалӣ Дилворӣ аз номҳое аст, ки ҳамеша дилҳои муъминро, ки ошноӣ ба вазъи ӯ ва муборизоти ӯ доштаанд, дар саросари ин кишвар ба худ ҷазб мекардааст. Ва Худоро шокирем, ки баъд аз пирӯзии инқилоб ин номе, ки саъй мешуд пинҳон бимонад ва ин чеҳра ношинохта бимонад, бар сари забонҳо афтод. Ӯро шинохтанд, шахсияти ӯро сутуданд, мазлумият ва шаҳодати мазлумонаи ӯро ҳама донистанд ва фаҳмиданд. Албатта имрӯз бо он даврон хеле фарқ кардааст. Он рӯз иддаи каме ҳамроҳ бо як ҷавони шуҷоъ ночор буданд дар муқобили қудрати истеъморӣ ва истикбории Англия мазлумона муқовимат кунанд. Аммо имрӯз Раисалиҳои Дилворӣ кам нестанд, танҳо ҳам нестанд”.

Эрон ҳеҷ вақт мустамликаи императории малика нашуд, вале ғӯл ва занҷири сиёсатҳояш кишвари моро раҳо накард. Мо аз моҷарои суқути Ҳирот, муҳосираи Хуррамшаҳр, қарододи Дорсӣ ва инҳирофи Машрута гирифта то ба қудрат расонидани Ризохон ва баъдҳо барканории  ӯ ва қарододҳои нафтии пурсуд ва кудатои 28 мурдод.

Наҳзати миллии даҳаи 30 (1951) баъд аз моҷарои далерони Тангистон аввалин ҳаракате буд, ки комилан ҷиҳати зиддианглисӣ дошт.