Сентябр 04, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Маскав

Намоишгоҳе аз осори ҳунарӣ ва саноати дастии Эрон бо унвони «Эрони асроромез; гаште дар боғи хаёл» дар чорчӯби ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Маскав гушоиш ёфт.

Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия аз рӯзи душанбе, сеюми сентябр бо ҳадафи ошноии бештари мардуми Русия бо фарҳанги эронӣ оғоз шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Маскав таъкид кард, ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ бояд ҳамонанди ҳамкориҳои сиёсию амниятӣ густариш ёбад.

Абузар Иброҳими Туркман, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон низ дар ин маросим бо баёни ин ки ҳунар яке аз беҳтарин роҳҳои иртиботӣ миёни ҷавомеъ ва шинохтани мардум дигар кишварҳост, тасреҳ кард, ҳунармандони эронӣ дар тӯли таърих паёмовари сулҳ дар ҷаҳон будаанд. Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон афзуд, дар тӯли ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия ҳунардӯстони рус ба хубӣ мушоҳида хоҳанд кард, ки то чӣ андоза лоиҳаи эронҳаросӣ, ки аз сӯйи Ғарб дунбол мешавад, беарзиш ва кӯчак аст.

Дар намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Маскав, ки аз рӯзи душанбе ба муддати як ҳафта барпост, осоре ҳамчун фарш, гилем, хотамкорӣ, наққошӣ, минокорӣ рӯйи кошӣ ва зарф, сафолгарӣ, миллилакорӣ рӯйй нуқра, қаламзанӣ рӯйи чарм, хушнависӣ ва хаттотӣ тавассути ҳунармандони эронӣ ба намоиш даромадааст.

 

Барчасп