Сентябр 04, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии комиссари олии СММ аз хадамоти арзандаи Эрон ба паноҳандагони афғон

“Фармони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои таҳсили кӯдакони афғонистонӣ дар Эрон аз ҷумлаи пешрафтатарин сиёсатҳо дар хадамотрасонӣ ба паноҳандагон маҳсуб мешавад ва иқдоме сутуданӣ аст”.

Флиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи душанбе дар боздид аз урдугоҳ ва маркази хадамоти идории атбои хориҷӣ, дар ғарби Теҳрон бар ин мавзуъ таъкид кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб дар урдибиҳишти соли 1394 (майи соли 2015) дар хусуси зарурати таҳсили кӯдакони афғон, ҳатто муҳоҷирини ғайриқонунӣ фармуданд: “Ҳеҷ кӯдаки афғонистонӣ, ҳатто муҳоҷирине, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бемадрак дар Эрон ҳузур доранд, набояд аз таҳсил бозбимонанд ва ҳамаи онҳо бояд дар мадориси эронӣ сабти ном шаванд”.

Ба гуфтаи Муҳаммади Солеҳӣ, муовини иҷтимоии идораи кулли умури атбои хориҷии Вазорати хориҷаи Эрон, беш аз 755 ҳазор нафар аз волидайни афғонистонӣ, ки савод надоштанд, низ тавассути наҳзати саводомӯзӣ омӯзиш дидаанд. Дар сатҳи донишгоҳӣ 24 ҳазор ва 500 нафар аз донишҷӯёни афғонистонӣ дар донишгоҳҳои мухталифи Эрон машғули таҳсил ҳастанд.

Суоло Шеймим, мудири умури барномарезии комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар ҳамин хусус бо ишора ба фармони ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи пӯшиши таҳсилии атбои хориҷӣ дар Эрон мегӯяд: “Ин нигоҳи инсондӯстона дар Ҷумҳурии Исломии Эрон арзиши болое дар миёни мардуми ҷаҳон дорад”.

Идомаи ҳузури паноҳандагон дар ҳар кишваре аммо дар ҳар ҳол мушкилотеро ҳам барои кишвари мабдаъ ва ҳам барои кишварҳои мақсад эҷод мекунад. Яке аз интиқодҳои Эрон дар ин мавзуъ камтаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои аврупоӣ ба амри мудирият ва таъмини ҳазинаҳои паноҳандагон ба Эрон будааст. Мутобиқи гузоришҳои мунташира, дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳорсад ҳазор нафар аз фарзандони лозимуттаълими паноҳандаҳо дар 26 ҳазор мадрасаи омӯзиш ва парвариш дар Эрон дарс мехонанд. Бо таъкид бар арзишӣ будани ин иқдомот, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон бо ишора ба баргузории конфронси Афғонистон дар моҳи ноябри соли 2018 дар Женева гуфт, ин конфронс фурсати хубе барои дарёфти кумакҳои бештари башардӯстона барои ироаи хадамот ба паноҳандагон аст.

Бар асоси гузориши моҳи июли 2017 –и комиссариати олии паноҳандагони СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири номнависшудаи афғон (қонунӣ) дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди ду миллион овораи афғон низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни мадорики ҳувиятӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар дар ҳамин хусус дар дидори Флиппо Гранди хотирнишон кард, барои дарки бештари мушкилоти ношӣ аз мизбонии паноҳандагон, ҷо дорад чанд сол ҳам дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ мизбони ин паноҳандагон бошанд.

СММ дар ҳоле аз Эрон ба далели мизбонии миллионҳо паноҳанда ва паноҳҷӯ қадрдонӣ кардааст, ки рафтори бархе муддаиёни ҳуқуқ башар бо паноҳандагон боиси шармсорӣ аст. Тозатарин рафтори зиддибашарӣ бо паноҳандагон иқдоми шармовари трамп буд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико чанд моҳи қабл дар иқдоме, ки бо мавҷе аз нафрати ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд, ба маъмурони марзии Амрико дастур дод то кӯдакони паноҳҷӯён ва муҳоҷиринро аз волидайнашон ҷудо кунанд.

Гузор аз даврони паноҳандагӣ сахт ва душвор аст. Он чӣ метавонад ин давронро таҳаммулпазир созад, рафтори инсондӯстона ва ҳимоят аз паноҳандагон ба дур аз мулоҳизоти сиёсӣ аст. Ҷумҳурии исломии Эрон дар кумак ба муҳоҷирон ҳеҷ гоҳ ва таҳти ҳар шароите аз ироаи хадамоти зарурӣ дареғ накардааст. Аз ин рӯст, ки ба гуфтаи мақомҳои Созмони Милал хадамоти Эрон ба паноҳандагон метавонад ба улгӯе барои дигар кишварҳо табдил шавад.