Сентябр 04, 2018 15:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории олимпиадаи адабии донишомӯзӣ бо ҳузури кишварҳои форсизабон

Дар Эрон олимпиадаи адабии забони форсӣ ба сурати минтақаӣ бо ҳузури донишомӯзоне аз кишварҳои форсизабон баргузор мешавад.

Фотимаи Муҳоҷиронӣ, раиси Маркази миллии парвариши истеъдодҳои дурахшони Эрон гуфт: Ин олимпиадаи адабӣ ба сурати минтақаӣ бо ҳузури донишомӯзон аз кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Арманистон баргузор хоҳад шуд.

Вай афзуд: Баргузории олимпиади адабии забони форсӣ кумаки бисёр шоёне ба таҳкими ҳуввияти ин забон хоҳад кард.

Кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бештарин ҷамъияти форсизабонро дар худ ҷой додаанд.