Сентябр 04, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши иртибототи фарҳангии Эрон ва Русия

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон ва муовини вазири фарҳанги Русия густариши равобити фарҳангии ду кишварро хостор шуданд.

Абузари Иброҳимии Туркамон ва Павел Степанов дар Маскав густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тавсеаи муносиботи Эрон ва Русияро дар ҳавзаҳои мухталифи фарҳангӣ зарурӣ донистанд ва таъкид карданд, дар канори равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ, равобити фарҳангии ду кишвар низ бояд ҳамзамон рушд ва тавсеа ёбад.

Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ ва густариши иртибототи дуҷонибаи Эрон ва Русияро заминаи муносибе барои ошноии ду миллат бо якдигар донист ва афзуд: Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон бо баргузории беш аз 10 давраи гуфтугӯи динӣ миёни Эрон ва масеҳияти уртудукси Русия ва баргузории муназзами гуфтугӯи динии байни ду кишвар, ба дунболи сулҳ, дӯстӣ ва таомули раҳбарони адён ва дӯрӣ аз хушунат ва ифротгароӣ аст.