Бозсозии Сурия фурсати муносиб барои ширкатҳои эронӣ
Сентябр 05, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
Вазир хориҷаи Эрон бозсозии Сурия ва Ироқро фурсати хубе барои ҳузури ширкатҳои эронӣ донист.
Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба раванди бозсозии Сурия гуфт: Бозсозии Сурия ва Ироқ фурсати содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва иштиғол барои эрониён ва як бозии бурд-бурд барои дутараф аст.
Вай таъкид кард, бозсозии Сурия ва бозгашти оворагон, кумак ба амният ва иқтисоди минтақа аст.