Бозсозии Сурия фурсати муносиб барои ширкатҳои эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37869-Бозсозии_Сурия_фурсати_муносиб_барои_ширкатҳои_эронӣ
Вазир хориҷаи Эрон бозсозии Сурия ва Ироқро фурсати хубе барои ҳузури ширкатҳои эронӣ донист.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 05, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии Сурия фурсати муносиб барои ширкатҳои эронӣ

Вазир хориҷаи Эрон бозсозии Сурия ва Ироқро фурсати хубе барои ҳузури ширкатҳои эронӣ донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба раванди бозсозии Сурия гуфт: Бозсозии Сурия ва Ироқ фурсати содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва иштиғол барои эрониён ва як бозии бурд-бурд барои дутараф аст.

Вай таъкид кард, бозсозии Сурия ва бозгашти оворагон, кумак ба амният ва иқтисоди минтақа аст.