Сентябр 06, 2018 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ривояти раҳбари инқилоб аз ҷанги расонаии “қорунҳои минтақа” бо Эрон

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳимояти молӣ бархе давлатҳои минтақа аз ҷанги расонаӣ алайҳи Эрон, муҳиммтарин вазифаи мардум ва нухбагонро ҳифзи инсиҷом(якпорчагӣ)-и мардум, давлат ва парҳез аз эҷоди фазои ноумедӣ донистанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи рӯзи панҷшанбе дар дидори раис ва намояндагони Маҷлиси Хубрагони Эрон, гуфтанд, имрӯз низоми исломӣ бо як ҷанги ҳамаҷонибаи иқтисодӣ мувоҷиҳ аст, ки аз як утоқи ҷанг ва бо диққат ва талоши комил ҳидоят мешавад, аммо дар канори ин ҷанг, як ҷанги муҳимми расонаӣ ва таблиғотӣ низ дар ҷараён аст, ки бештари вақтҳо аз он ғафлат мешавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, имрӯз бо таваҷҷуҳ ба ин ҷанги расонаӣ, ки аз қабл ҳам вуҷуд дошта, вале акнун шиддати он бештар шудааст, интиқодҳо бояд хайрхоҳона ва бо ҳадафи ислоҳ бошад.

Эшон афзуданд, бар асоси иттилооте, ки дар ихтиёр дорем, дастгоҳҳои ҷосусии Амрико ва режими саҳюнистӣ бо ҳимояти молии "қорунҳои минтақаи атрофи Эрон", ташкилотеро барои ин ҷанги расонаӣ, роҳандозӣ кардаанд ва ба таври ҷиддӣ дар ҳоли барномарезӣ ва талош барои олуда кардан фазои таблиғотӣ ва фикрии ҷомеа ҳастанд.

Мақоми муаззами раҳбарӣ афзуданд, бо вуҷуди ҳамаи ин фазосозиҳои таблиғотӣ, бадхоҳон ва ҳамаи мушкилот, инқилоб ва кишвар дар ҳоли пешрафт аст ва ҳузури густурдаи ҷавонон дар роҳпаймоии арбаъин, эътикоф, намозҳои ҷамоати донишгоҳҳо ва ҷаласоти моҳи Рамазон, нишондиҳандаи пешрафт дар заминаҳои маънавӣ аст.

 

Барчасп