Сентябр 08, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Русия бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Раиси ҷумҳурии Русия, ки барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи Теҳрон дар бораи Сурия ба Эрон омада буд, ҷумъашаб бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҷумъашаб дар дидори раисиҷумҳури Русия хотирнишон карданд, ҳамкории Эрон ва Русия дар мавзӯи Сурия як намунаи барҷаста ва як таҷрибаи бисёр хуб аз ҳамкории дуҷониба аст, ки ба маънии воқеии калима, ҳамафзоӣ аст.

Эшон бо таъкид бар ин ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Русия метавонад дар масоили ҷаҳонӣ низ густариш ёбад, афзуданд: Яке аз мавориде, ки ду тараф метавонанд бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошанд, маҳори Амрико аст, зеро Вашингтон як хатар барои башарият аст ва имкони маҳори он низ вуҷуд дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қазоёи Сурияро як намунаи муваффақ аз маҳори Амрико баршумурданд ва хотирнишон карданд, амрикоиҳо акнун дар Сурия шикасти воқеӣ хурданд ва ба аҳдофи худ нарасиданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таҳрими Эрон, Русия ва Туркия аз ҷониби Амрикоро як нуқтаи иштироки бисёр қавӣ барои густариши ҳамкориҳо донистанд ва афзуданд: Эрон ва Русия бояд зимни густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тавофуқҳои анҷомгирифта дар нишасти Теҳронро бо ҷиддият пайгирӣ кунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: “Амрикоиҳо 40 сол аст, ки мехоҳанд решаи Ҷумҳурии Исломии Эронро бикананд, аммо мо дар ин муддат беш аз чиҳил баробар рушд кардаем, ки ҳамин истодагии ҷумҳурии исломӣ ва муваффақиятҳои он як намунаи муваффақи дигар аз маҳори Амрико аст”.

Эшон бо таъкид бар вуҷуди замина барои нақшофаринии сиёсии Русия дар дигар масоили минтақа, ба шароити асафбори мардуми Яман ва куштори онон ба дасти саудиҳо ишора карданд ва афзуданд, саудиҳо қатъан дар Яман ба натиҷа нахоҳанд расид ва нахоҳанд тавонист мардуми муқовими Яманро ба зону дароваранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар бораи мавзӯи тавофуқи ҳастаӣ ва хориҷ шудани Амрико аз он гуфтанд, Эрон дар хусуси БарҶом мавзее хоҳад гирифт, ки ба нафъи манофеъ ва иззати кишвар ва миллат бошад.

Раисҷумҳури Русия низ дар ин дидор бо ибрози таассуф аз пойбанд набудани бархе тарафҳои муқобили Эрон дар БарҶом ба тааҳҳудоташон гуфт, амрикоиҳо бо иқдомоти нобаҷо шароитро хароб кардаанд ва аврупоиҳо низ ба далели вобастагӣ ба Амрико дар амал тобеи онҳо ҳастанд, агарчӣ эълом мекунанд ба дунболи роҳҳое барои ҳифзи БарҶом низ ҳастанд.