Сентябр 08, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи қиёми 17 шаҳривари мардуми Эрон зидди режими диктатории паҳлавӣ

Имрӯз шанбе (17-уми шаҳривари соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ, 8 сентябри 2018) сорӯзи қиёми 17 шаҳривари соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ, 8 сентябри 1978 ва куштори ҷамъе аз мардуми инқилобии Эрон ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ аст.

Воқеъаи 17 шаҳривари 1357 маъруф ба "ҷумъаи сиёҳ", ки дар манобеъи таърихӣ аз он бо унвони "куштори 17 шаҳривар" низ ёд мешавад, воқеъае дар ҷараёни шаклгирии инқилоби исломии Эрон буд ва дар ниҳоят заминасози суқути режими диктаторӣ ва вобастаи паҳлавӣ дар соли 1979 шуд.

Куштори садҳо нафар аз мардуми бедифои Теҳрон дар рӯзи 17 шаҳривари 1357 ҳиҷрии шамсӣ, 8 сентябри 1978 ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ дар майдони шуҳадои Теҳрон (собиқ жола), муҷиби афзоиши нафрати мардум аз ин режим шуд ва эътирозҳо ва эътисоби кормандони давлати вақт густариш ёфт.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз фоҷиаи 17 шаҳривар, тайи ду пайём зимни таслият ба мардуми муборизи Эрон ба  онон навиди пирӯзӣ доданд.

Куштори мардуми Теҳрон дар рӯзи 17 шаҳривар ва идомаи ҳукумати низомӣ, инсиҷом ва иродаи артиши режими паҳлавиро суст ва дар муқобил, иродаи миллати Эронро барои суқути режими паҳлавӣ устувортар ва мусаммамтар кард; саранҷом бо идомаи муборизаҳои ҳақталабонаи миллати Эрон режими паҳлавӣ ҳудуди панҷ моҳ пас аз қиёми таърихии 17 шаҳривар дар феврали соли 1979 суқут кард.

Маросими солрӯзи қиёми 17 шаҳривар ҳамасола дар Эрони исломӣ баргузор ва ёду хотираи шаҳидони инқилоби исломии Эрон гиромӣ дошта мешавад.