Сентябр 09, 2018 14:50 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи муъаззами кулли қуво: Миллати Эрон, Амрикоро ба ақибнишинӣ ва шикаст кашонд

Фармондеҳи муъаззами кулли қуво, таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон бо истодагӣ дар баробари Амрико собит кардааст агар миллате аз ахм ва ташарри зӯргӯён натарсад ва ба тавоноиҳои худ эътимод ва такия кунад абарқудратҳоро ба ақибнишинӣ ва шикаст мекашонад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз якшанбе дар шонздаҳумин маросими муштараки донишомухтагӣ ва таҳлифи донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба сиёсатҳои шароратбори истикбор барои эҷоди ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа ишора ва таъкид карданд: Истикбор ва дар раъси он Амрикои ситамгар манфиъатҳои худро дар гирави эҷоди ҷангҳои хонагӣ, афзоиш ва тавсеъаи бисёр зиёди фаолиятҳои террористӣ ва даргириҳои минтақаӣ мебинанд ва мутаъсифона бархе кишварҳои минтақа ба онҳо кумак мекунанд.

Фармондеҳи муъаззами кулли қуво, пешгирӣ аз сарбаланд кардани як қудрати исломӣ дар минтақаро ҳадафи Амрико ва режими саҳюнистӣ хонданд ва афзуданд: Онҳо медонанд, ки пайёми ҷалбкунандаи Ислом дифоъ аз музтасъафон(дармондагон) ва маҳрумон аст, бинобарин аз шаклгирии қудрате бар асоси Ислом метарсанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ истодагии муқтадиронаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари истикборро муҷиби шикасти асосии ҳадафҳои золимони ҷаҳонӣ дар минтақа баршумурданд ва хотирнишон карданд: Таҳлилгарони сиёсӣ ва ҳушмандони олим аз инки Эрон бо  таваккал ва такия бар Худо ва қудрати миллӣ, қудратҳои ҷаҳониро дар минтақа ноком гузоштааст шигифтзадаанд ва ба ин воқеъият эътироф мекунанд.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Ҷумҳурии исломӣ 40 сол аст ҳадафи харобкориҳои Амрико ва ҳамдастонаш қарор дорад, аммо токунун аз ниҳоле кучак ба дарахте буруманд ва пурсамар табдил шуда ва бо вуҷуди иқдомоти фаровони мустакбирон дилҳои миллатҳоро ба пайёми инқилоб ҷазб ва ҷалб карда ва тавтеъаҳои Амрикоро дар минтақа ба шикаст кашондааст.

Фармондеҳи муъаззами кулли қуво, Сурия, Ироқ ва Лубнонро намунаҳое аз шикасти тавтеъаҳои Амрико дар минтақа хонданд ва афзуданд: Инҳо нишонаҳое аз қудрати парвардгор ва сидқи ваъдаҳои илоҳӣ аст, ки мефармояд агар Худоро ёрӣ кунед, Худо шуморо ёрӣ мекунад ва собитқадам медорад.

Барчасп