Сентябр 10, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ боз ҳам пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташро тайид кард

Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар тозатарин баёнияи худ бори дигар таъкид кард, Эрон тааҳҳудоти худ таҳти тавофуқи ҳастаи (БАРҶОМ)-ро иҷро кардааст.

Ожонс бо интишори баёнияе дар нахустин рӯзи кории Шӯрои ҳуккоми ожонс дар Вена эълом кард, ожонс ба ҳамкории наздики худ бо Эрон идома медиҳад.

Юкия Амано, мудири кулли Ожонс низ дар суханронии худ дар Нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ бори дигар тайид кард, ки Эрон дар ҳоли иҷрои тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ аст.

 

Барчасп