Сентябр 11, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз Ироқ барои таҳвили террористҳо

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Масъулони иқлими Курдистон ва давлати Ироқ бояд террористҳоро ба ҷумҳурии исломии Эрон таҳвил диҳанд ва агар наметавонанд, дастикам бояд онҳоро аз кишварашон ихроҷ кунанд.  

Генерал Муҳаммади Боқирӣ тасреҳ кард: Соли 1996 Масъулони Курдистони Ироқ ва ҳамчунин масъулони ҳизби демократи Курдистон ба сурати катбӣ тааҳҳуд доданд, ки дар Эрон ҳеҷгуна амалиёте анҷом надиҳанд, аммо бо таҳрики амрикоиҳо, аҳд ва паймони худро шикастанд.

Вай афзуд: Пас аз иқдомот ва таҳаррукоти гурӯҳкҳои террористӣ дар Эрон, тазаккуроте ба онҳо дода шуд ва ҳатто Масъулони минтақаи Курдистони Ироқ низ тазаккуроте ба ин гурӯҳакҳо доданд.

Ба гуфтаи Боқирӣ, онҳо ба тазаккурот таваҷҷуҳе накарданд.

Дар паи шароратҳои моҳҳои ахири гурӯҳакҳои террористӣ аз минтақаи Курдистони Ироқ алайҳи манотиқи марзии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шанбе амалиёте муваффақ ба самар расонд.