Сентябр 13, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маводи мухаддир аз ду шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Машҳад

Раиси пулиси фурудгоҳи устони Хуросони Разавии Эрон аз кашфи маводи мухаддир дар ҷомадони ду шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи марказии ин устон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, сарҳанг Маҳдӣ Рустамии Қароӣ дар ташреҳи ин хабар изҳор кард, маъмурони пулиси фурудгоҳи Машҳад ҳангоми бозрасии васоили мусофирон аз ҷомадони ду шаҳрванди Тоҷикистон се килою 400 грам маводи мухаддир кашф карданд. Сарҳанг Рустамии Қароӣ гуфт, маъмурон аз ҷомадони яке аз ин афрод як килою сад грам тарёкро, ки ба сурати моҳирона дар шишаи оби ҷав ҷосозӣ шуда буд, кашф карданд. Ӯ афзуд, аз ҷомадони муттаҳами дигар низ ду килою 300 грам шираи тарёк кашф шуд, ки фарди боздоштшуда васоили шахсии худ, аз қабили сачоқу либосашро ба он омехта буд.

Фармондеҳи пулиси фурудгоҳи Хуросони Разавии Эрон гуфт, таҳқиқот аз ду тоҷикистонии боздоштшуда идома дорад.