Сентябр 14, 2018 17:56 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Миллати Эрон аз фарҳанги ошуро пайравӣ мекунад

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, миллати Эрон бо пайравӣ аз фарҳанги ошуро, бар душманони худ ғалаба мекунад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Садиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба маҳалли нишасти сарони яке аз гурӯҳакҳои террористӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ гуфт: Ин иқдом, ишрофи иттилоотии Эронро нишон дод ва ҳушдори ҷиддӣ барои душманони минтақаӣ ва фароминтақаии Эрон буд.

Сиддиқӣ ҳамчунин гуфт: Тарсидан аз ҷанг ва таҳрим бо фарҳанги ошуро зиддият дорад. Миллати Эрон чиҳил сол аст, ки дар роҳи ошуро буда, дар баробари қудратҳо истода ва онҳоро ба шикаст кашондааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои пизишкӣ, нано, дифоӣ ва саноатӣ афзуд: Миллате, ки ҳашт сол ҷанги таҳмилиро бо муқовимат пушти сар гузоштааст, чанд рӯз мушкили иқтисодиро буҳрон намедонад ва аз ин мушкилот гузар хоҳад кард.

Вай дар бораи вазъияти Идилби Сурия ҳам гуфт: Охирини сангари террористҳо дар Сурия дар минтақаи Идилб аст ва баҳонаҷӯии Амрико наметавонанд монеъ аз пирӯзии Сурия ва неруҳои муқовимат шавад.