Густариши ҳамкориҳои санъатии Эрон ва Туркия
(last modified Sat, 15 Sep 2018 11:55:33 GMT )
Сентябр 15, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои санъатии Эрон ва Туркия

Ройзани бозаргони сафорати Эрон дар Анкара ва мудири кулли шаҳракҳои санъатии вазорати саноат ва фанноварии Туркия бар густариши ҳамкории санъатии ду кишвар, таъкид карданд.

Алиризо Ҷаъфарбеглӯ, ройзани бозаргони сафорати Эрон дар Анкара ва Рамазон Елдирим, мудири кулли шаҳракҳои санъатии вазорати саноат ва фанноварии Туркия дар дидоре, бар аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаи санъат ва шаҳракҳои санъатӣ бавижа дар давраи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи ду кишвар, таъкид ва барои густариши ҳамкории санъатӣ эъломи омодагӣ карданд.

Ҷаъфарбеглӯ дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Туркия ба унвони нақшаи роҳи ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисод ва тиҷорат, гуфт, бисту ҳафтумин комиссияи муштараки иқтисодӣ, тайи моҳҳои оянда дар Анкара баргузор мешавад ва ин комиссия беҳтарин фурсат барои иртиқои ҳамкории санъатӣ байни ду кишвар аст.

Рамазон Елдирим низ дар ин дидор бо истиқбол аз афзоиши ҳамкорӣ дар бахши шаҳракҳои санъатӣ байни Эрон ва Туркия, пешниҳод дод, то ҳайате аз корфармоёни матраҳи Туркия дар ҳавзаи санъат, бо сафар ба Эрон зимни дидор бо ҳамтоёни худ, аз манотиқи озод ва шаҳракҳои санъатии Эрон боздид ва дар бораи ҳамкории муштарак музокира кунанд.

Эрон ва Туркия солона ҳудуди 11 миллиард доллар мубодилаи тиҷорӣ доранд ва раисони ҷумҳурии ду кишвар дастёбӣ ба тиҷорати 30 миллиард долларӣ дар муровидоти иқтисодии ду кишварро, ҳадафгузорӣ кардаанд.