Сентябр 15, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Фаронса барои ҳифозат аз маконҳои дипломатии Эрон иқдоми ҷиддӣ анҷом диҳад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тааррузи иддае маонид (душман,ситезаҷӯ)-и вобаста ба гурӯҳакҳои террористӣ ба сафорати Эрон дар Порис, гуфт, Фаронса барои ҳифозат аз куллияи маконҳои дипломатии Эрон дар он кишвар, тамҳидот ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳад.

Баҳроми Қосимӣ, рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон, дар бораи таарруз ба сафорати Эрон дар Порис изҳор кард, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа, теъдоди андаке аз афроди маонид (душманон)-и зиддиэронӣ, қасди таарруз ва осеб расондан ба бинои сафорати Эрон дар Порисро доштанд, аммо муваффақ ба ин кор нашуданд ва натавонистанд ба дохили бинои сафорат ворид шаванд, вале бо партоби ашё ба самти бинои сафорат, хисороте ба он ворид карданд.

Қосимӣ афзуд, мутаассифона бо вуҷуди интизори табиӣ, ки аз пулиси Фаронса вуҷуд дошт, онон ҳангоми ҳузур ин муҳоҷимон, ки аз вобастагони як гурӯҳаки террористӣ буданд, ба мавқеъ дар маҳалл ҳозир набуданд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, мавзӯи таҳоҷуми ин гурӯҳ ва ҳузур надоштани баҳангоми пулиси Фаронса, таҳти баррасӣ ва пайгирӣ аст.

Қосимӣ хотирнишон кард, пас аз пайгириҳои мутааддид ва ҳузури нируҳои зирабт, теъдоде аз муҳоҷимон тавассути пулис дастгир шуданд, ки Эрон муҳокима ва муҷозоти онҳо ва эъломи натиҷа аз сӯи мақомоти зисалоҳро хостор аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард, таъмини амнияти маконҳои дипломатӣ ба ӯҳдаи кишвари мизбон аст ва онон бояд барои ҳифозат ва нигаҳдорӣ аз куллияи маконҳои дипломатии Эрон дар Фаронса, тамҳидот(омодагӣ) ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳанд.

 

Барчасп