Сентябр 16, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
  • Зарурати иқдоми ҷиддии Фаронса барои ҳифозат аз маконҳои дипломатии Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тааррузи иддае вобаста ба гурӯҳакҳои террористӣ ба сафорати Эрон дар Париж гуфт: Фаронса барои ҳифозат аз тамоми маконҳои дипломатии Эрон дар он кишвар, тамҳидот ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳад.

Баҳроми Қосимӣ дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Баъд аз зуҳри ҷумъа, теъдоди андаке аз афроди зиддиэронӣ, қасди таарруз ва осеб расондан ба сафорати Эрон дар Парижро доштанд, аммо муваффақ ба ин кор нашуданд ва натавонистанд дохили сафорат шаванд.

Вай бо баён инки онҳо бо партоб ашё ба самти бинои сафорат, хисороте ба он ворид карданд, афзуд: Мутаассифона бо вуҷуди интизори табиӣ, ки аз полиси Фаронса вуҷуд дошт, онон ҳангоми ҳузури ин муҳоҷимон, ки аз вобастагони як гурӯҳаки террористӣ буданд, ба мавқеъ дар маҳал ҳозир набуданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Мавзӯи таҳоҷуми ин гурӯҳ ва ҳузур надоштани ба мавқеи полиси Франса, таҳти баррасӣ ва пайгирӣ аст.

Қосимӣ гуфт: Пас аз пайгириҳои мутааддид теъдоде аз муҳоҷимон тавассути полис дастгир шуданд, ки Эрон муҳокима ва муҷозоти онҳо ва эъломи натиҷа аз сӯи мақомотро хостор аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард: Таъмини амнияти маконҳои дипломатӣ ба ӯҳдаи кишвари мизбон аст ва онон бояд барои ҳифозати маконҳои дипломатии Эрон дар Фаронса, тамҳидот ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳанд.

 

Барчасп