Сентябр 16, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Беамалии Аврупо ва эҳтимоли афзоиши сатҳи ғанисозии уран аз сӯйи Эрон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо ҳафтаномаи олмонии «Шпигел» гуфт: "Дар сурати беамалии Аврупо дар баробари хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ эҳтимоли афзоиши ғанисозии уран аз сӯйи Эрон вуҷуд дорад".

Зариф дар ин гуфтугӯ, ки рӯзи шанбе мунташир шуд, бо таъкид бар ин мавзӯъ афзуд, Иттиҳоди Аврупо агар ҳамчунон ба сурати мунфаилона ба хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ вокуниш нишон диҳад, бояд мунтазири авоқиби ин мавзеъгирии худ аз тарафи Эрон бошад. Акнун фурсати чандоне барои музокира бо Аврупо дар хусуси БарҶОМ боқӣ намондааст.

Сайид Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон, ки ба Чин сафар кардааст, дар дидор бо Ян Жиямпин, раиси Муассисаи мутолиоти байналмилалии Шонгҳой дар бораи идомаи БарҶОМ пас аз хурӯҷи Амрико гуфт, бо аврупоиҳо музокироти мутааддиде сурат гирифтааст ва фақат дар сурати тазмини ҳуқуқи Эрон ин тавофуқномаи байналмилалӣ метавонад идома пайдо кунад.

Аврупоиҳо дар моҳи май як бастаи ҳимоятӣ ба Эрон пешниҳод доданд, ки тааҳҳуди муҳим буд ва акнун бояд иҷро шавад. Ба таъбири Зариф, муҳим ин аст, ки Аврупо чунин кореро барои Эрон анҷом намедиҳад, балки барои ҳокимияти худ ва манофеи дарозмуддати иқтисодияш анҷом медиҳад. Дар ин иртибот се баҳси калидӣ вуҷуд дорад: баҳс аввал, мушаххас шудани мавзеи Аврупо ва соири тарафҳои БарҶОМ дар қиболи як тааҳҳуди байналмилалӣ; баҳси дувум, сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон аст, ки ин мавзӯъ акнун бо фароянди БарҶОМ ва тавофуқот бо ожонс асосан як баҳси тамомшуда аст ва баҳси севум, доштани як арзёбии воқеъбинона дар мавриди мизони пойдории Аврупо дар муқобили фишорҳо ва зӯргӯии Амрикост .

Дар хусуси баҳси нахуст возеҳ аст, ки тазминкунандаи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал аст, ки Эрон ба он пойбанд аст, аммо Амрико алайҳи он иқдом кард. Акнун Амрико саъй дорад, аз ин “хати қирмиз” ҳам убур кунад ва аз дигарон мехоҳад, ки қонуни байналмилалиро нақз кунанд. Дар чунин шароите банди 36-и тавофуқ ва Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният ин имконро ба Эрон медиҳад, ки сатҳи пойбандиро коҳиш диҳад, бидуни ин ки аз тавофуқ хориҷ шавад, ки афзоиши ғанисозии уран метавонад яке аз ин маворид бошад. Дар мавриди баҳси дувум бояд гуфт, ки мавзӯи нигаронӣ аз муҳтавои БарҶОМ ва эҳтимолоте, ки Амрико дар хусуси талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ матраҳ мекунад, як иддао ва баҳона аст, зеро 12 гузориши Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ки ду маврид аз онҳо пас аз хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ эълом шудаанд, нишон медиҳанд, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ пойбанд будааст ва иддаои Амрико ҳеҷ эътиборе надорад. Аммо дар хусуси баҳси сеюм, ки дар воқеъ, дарбаргирандаи мизони пойбандии Аврупо ба тааҳҳудоти худ дар ҳифзи БарҶОМ аст, пурсиш ин аст, ки Аврупо мехоҳад, ки ширкатҳои аврупоӣ аз қавонини Аврупо пайравӣ кунанд, ё аз қавонини Амрико, ё ин ки (Аврупо) таҳти диктаи Амрико қарор дорад? Мая Котсенчич, сухангӯи Иттиҳодия Аврупо дар ҳамин замина гуфтааст, ки талошҳо барои идомаи ҳамкорӣ бо Эрон дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла нафт идома дорад. Бо ин ҳол, сухангӯи вазири умури молии Фаронса дар ин замина мегӯяд, ки ҳанӯз тасмими сиёсӣ барои эҷоди як тасҳилоти молии мустақил иттихоз нашуда, аммо шитоб дар ин замина вуҷуд дорад. Вазорати умури молии Олмон ҳам эълом кард: «Мушовара дар ин маврид ба таври фишурда идома дошта ва намунаҳои мухталиф рӯйи миз вуҷуд дорад».

Бадеҳист, ки дар вазъияти феълӣ набояд интизор дошт, ки дар як тааҳҳуди чандҷониба ба сурати яктарафа метавон амал кард. Аврупоиҳо бояд тасмим бигиранд: омодагӣ доранд, ҳарфҳои худро амалӣ кунанд, ё ин ки худро аз пеш аз моҳи ноябр шикастхӯрдаи сиёсатҳои Трамп ва бозандаи дар БарҶОМ медонанд?