Сентябр 18, 2018 12:57 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз тавофуқи Сочи дар мавриди Идлиби Сурия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо истиқбол аз тавофуқи миёни Туркия ва Русия дар нишасти Сочи гуфт, нишасти сарони Русия ва Туркия ва эъломи тавофуқ перомуни чигунагии ҳаллу фасли масъалаи Идлиб дар Сурия гоми асосӣ дар аз байн бурдани боқимондаи террористҳо дар Сурия аст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Баҳроми Қосимӣ тасреҳ кард, тавофуқи Русия ва Туркия метавонад аз тариқи мусоидатҳои мавриди ниёз барои ҳаллу фасли сиёсии масоили Сурия ва дар назар гирифтани тамоми ҷавониби инсондӯстона ба раванди истиқрори сулҳ дар Сурия ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар кумак кунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кард, таваққуфи ҳар гуна хушунату хунрезӣ дар айни поксозии минтақа аз терроризм аз асоситарин ва усулитарин аркони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Қосимӣ ибрози умедворӣ кард, натоиҷи иҷлоси Сочи битавонад дар чорчӯби раванди мусбати Остона ва дар идомаи масири иҷлоси ахири Теҳрон ва талошҳои дипломатии Эрон ба ҳаллу фасли сареи мушкилоти мардуми Сурия ва поксозии нерӯҳои хушунатгаро нақши муассире дошта бошад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳафтуми сентябри соли 2018 дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон дар бораи Идлиб ширкат карданд.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Туркия рӯзи гузашта (душанбе) барои дидору ройзанӣ бо ҳамтои руси худ дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти муҳими минтақа, бавижа Сурия озими шаҳри Сочи шуд. Путин пас аз дидор бо Эрдуғон аз эҷоди маҳдудаи ғайринизомӣ ба умқи 15 то 20-километрӣ дар имтидоди хутути ҳоили миёни террористҳо ва артиши Сурия дар Идлиб то 15 октябр хабар дод.