Сентябр 19, 2018 16:22 Asia/Dushanbe

Эрони исломӣ дар рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ, сиёҳпуш ва ғарқ дар андуҳ, мотам ва азо аст.

Чаҳоршанбе нуҳумин рӯзи муҳаррами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, 19 сентябри 2018,  рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ аст.

Ҳамзамон бо Тосуои Ҳусайнӣ, дар ҳама шаҳрҳои Эрон ҳайатҳои азодории муташаккил аз қишрҳои мухталифи мардум аз кӯдак гирифта то солхурда дар қолаби гурӯҳҳои занҷирзан ва синазан дар хиёбонҳо ва масоҷид ҳузур ёфтаанд, то зимни гиромидошти ёди ҳазрати Саидулшуҳадо ва ёрони бовафояшон, ба сӯги шаҳодат ва ғурбати мавлояшон бинишинанд.

Мардуми Худоҷу ва муъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) дар Машҳад ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қуми Эрон дар ҳоли азодорӣ ҳастанд.

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш, натанҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчи мегузарад паёми Ошуро густурдатар ва оинҳои азодорӣ бо шӯр ва дарки бештаре баргузор мешавад.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Тосуо ва Ошурои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

 

 

Барчасп