Сентябр 20, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Футболи Эрон ҳамчунон дар раддаи нахусти беҳтарин тими Осиё

Тими миллии футболи Эрон бо вуҷуди суқути якзинаӣ дар раддабандии ҷаҳонӣ, рутбаи нахустро байни тимҳои қораи Осиё ҳифз кард.

Ба гузориши ИРНА, Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз (панҷшанбе) ҷадидтарин раддабандии тимҳои миллии футболи ҷаҳонро эълом кард, ки бар асоси он, тими миллии Эрон бо 1474 имтиёз дар раддаи аввали Осиё ва 33-уми ҷаҳон қарор гирифт.

Дар ин раддабандӣ пас аз тими миллии Эрон, тимҳои Австралия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба тартиб бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи 43, 54 ва 55 рутбабандии ҷаҳонӣ, тимҳои дувум то чаҳоруми қораи Осиё ҳастанд.

Дар раддабандии беҳтарин тимҳои ҷаҳон, Белгия ва Фаронса ба сурати муштарак рутбаи нахустро дар ихтиёр доранд ва Бразилия, Хорватия, Уругвай, Англия, Португалия, Швейтсария, Испания ва Дания ҳам дар раддаҳои сеюм то даҳум ҳастанд.

Словения бо 6 зина суқут ва истодан дар раддаи 61 бадтарин ва Босния ва Ҳерсеговина бо 5 зина сууд ва қарор гирифтан дар раддаи 34, беҳтарин тағйир рутбаро дар раддабандии ҷадиди ФИФА ба худ ихтисос додаанд

 

Барчасп