Сентябр 20, 2018 17:44 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба СММ: Таҳдиди ҳастаии режими саҳюнистӣ маҳкум шавад

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Созмони Милали Муттаҳид хост, то таҳдиди ҳастаии чанде пеши нахусти режими саҳюнистиро зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, маҳкум кунад.

Намояндагии Эрон дар СММ рӯзи чаҳоршанбе дар номае ба дабири кулл ва Шӯрои амнияти ин созмон, навишт, таҳдиди ахири Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ зидди Эрон, таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.

Дар ин нома, доштани таслиҳоти ҳастаӣ тавассути режиме, ки собиқае тӯлонӣ дар таҷовуз, ишғол, низомигарӣ, терроризми давлатӣ ва дигар ҷиноёти байналмилалӣ дорад, бурзгтарин таҳдид барои сулҳу амнияти минтақаӣ, унвон ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хоста шудааст, дар баробари иқдомот лаҷомгусехта ва таҳдиди ҳастаии режими саҳюнистӣ, мавзеъи қавӣ иттихоз кунад ва онро ба табаият(пайравӣ) аз муқаррароти байналмилалӣ ва маншури СММ водор созад.

Намояндагии Эрон дар Созмони милал дар номаи худ ба дабири кулл ва Шӯрои амният, бо ишора ба инки Эрон худ қурбонии таслиҳоти куштори ҷамъӣ ва ба таври мушаххас силоҳи кимиёвӣ аст, эълом кард, аъзои СММ на фақат набояд таҳдиди ҳастаии нахуствазири режими Исроилро нодида бигиранд, балки бояд иқдоми қотеъе барои итминон аз маҳви таслиҳоти ҳастаии он, ба амал оваранд.

Қарор аст, номаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони санади Шӯрои амният ва Маҷмааи умумии Созмони Милал мунташир шавад.

Пеш аз ин, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар “Твиттер”-и худ бо дарҷи иборати нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфта буд, артиши Исроил бо ҳамаи тавон таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод, навишт, Эрон ба унвони кишвари фоқиди силоҳи ҳастаӣ, аз сӯи ҷангталабе, ки аз таъсисоти сохти силоҳи ҳастаӣ бархӯдор аст, таҳдид ба нобудии атомӣ мешавад; Ин чизе фаротар аз бешармӣ дар олам, густохӣ аст.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳоле Эронро таҳдид ба ҳамла мекунад, ки артиши ин режим дар баробари ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги 33 рӯза дар соли 2006, шикасти муфтазеҳонаеро мутаҳаммил шуд.

Бо ин ҳол, масъулони аршади низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид кардаанд, агар режими саҳюнистӣ даст аз по хато кунад, ҳамаи манотиқи саҳюнистнишин аз ҷумла Тел Авив бо хок яксон хоҳад шуд.

 

Барчасп