Сентябр 21, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳодисаи Ошӯро, мантиқи амалии чӣ гуна зистан аст

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ин ки мантиқи Ошӯро дар мантиқи амалии дифои муқаддас низ таҷриба шуд, афзуд: Дифои муқаддас дарси муқовиматро ба мардуми Лубнон ва ҷабҳаи қудратманди Ироқ омухт то дар муқобили истикбор ва султагарон истодагӣ кунанд.

Абутуробифард бо ишора ба фалсафаи рафторҳои ахири Трамп, Нетаняҳу ва Бин Салмон дар муқобила бо ҳаракати миллати Эрон, тасреҳ кард: Таҷриба ва корномаи 4 даҳаи муқовимати миллати Эрон, пеши рӯйи Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва миллати Эрон дар роҳи пайравӣ аз наҳзати Имом Ҳусайн (а) собитқадаму устувор аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба нигарониҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ аз меҳвари муқовимат дар минтақа, таъкид кард: Исроил медонад, ки замони заволу нобудии ин режими фаро расида аст.

Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

Ҳазрати Имом Ҳусайн (а) дар баёни рӯзи воқеаи Карбало ва дар роҳи Макка ба Карбало, то ҳангоми шаҳодат, ба сароҳат таъкид карданд: Мақсуди ман аз ҳаракат, расво кардани ҳукумати зиддисломӣ ва барпо доштани амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарӣ аст ва ҷуз ҳимояти Қуръони Карим ва зинда доштани дини Ислом ҳадафи дигаре нест.