Шикояти Эрон аз шабакаи телевизионии форсизабон дар Лондон
Сафири Ҷумҳирии Исломии Эрон дар Лондон, пахши мусоҳибаи сухангӯи гурӯҳаки террористӣ аз шабакаи «Iran International» дар Лондон, ки масъӯлияти ҳодисаи маргбор дар Аҳвозро бар ӯҳда гирифтааст, бешармона хонд ва афзуд, Эрон аз ин шабакаи телевизионӣ дар Англия, шикоят хоҳад кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҳамиди Баъидинажод, сафири Эрон дар Лондон дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” зимн маҳкӯм кардани пахши мусоҳибае аз сухангӯи гурӯҳи террористӣ такфирии «Ал Аҳвозия» аз сӯи шабакаи телевизионии «Iran International» дар Лондон, навишт, сафорати Эрон дар Лондон, бархӯрди ҷаддии Созмони танзимкунандаи муқаррароти расонаии Англис ( Ofcom) бо ин иқдом ба унвони тарвиҷи терроризм ва хушунатро пайгирии фаврӣ мекунад.
Шабакаи телевизионии моҳвораии «Iran International», ки маркази он дар Лондон аст, собиқаи пахши мустақими нишасти гурӯҳаки террористии мунофиқинро дар корномаи худ дорад ва аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимояти молӣ мешавад.
Гурӯҳи террористӣ такфирии «Ал Аҳвозия», ки мавриди ҳимояти Лондон ва Риёз аст ва соли гузашта низ ба корвони роҳёни нур дар ҷануби Эрон ҳамла кард, рӯзи шанбе аз парке дар ҳошияи баргузории режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз ба самти мардуми тамошочӣ тирандозӣ кард.
Бар асари ин ҳамлаи террористӣ, 25 нафар шаҳид ва 60 нафар захмӣ шуданд.