Сентябр 23, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Футзали Эрон дар ҷойгоҳи нахусти Осиё ва шашуми ҷаҳон

Бар асоси ҷадидтарин радабандии бартарин тимҳои миллии футзали ҷаҳон, тими Эрон бидуни тағйир нисбат ба давраи қабл, дар ҷойгоҳи нахусти Осиё ва шашуми ҷаҳон қарор дорад.

Сайти футзали Futsal World Ranking бартарин тимҳои футзали ҷаҳонро эълом кард, ки тими Эрон бо 1654 имтиёз ҳамчунон дар ҷойгоҳи шашуми ҷаҳон қарор дорад.

Дар ин радабандӣ тимҳои Бразилия, Испания, Португалия, Русия ва Аргентина ба тартиб дар ҷойгоҳи аввал то панҷуми ҷаҳон қарор доранд.

 

Барчасп