Сентябр 23, 2018 18:41 Asia/Dushanbe
  • Фардо баргузор мешавад, Намоишгоҳи байналмилалии Эрон Пласт

Давоздаҳумини давраи Намоишгоҳи байналмилалии Эрон Пласт бо ҳузури 15 кишвар, фардо душанбе дар Теҳрон оғоз ба кор мекунад.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо ҳадафи равнақу тавсеаи санъати пластик баргузор мешавад, ширкатҳое аз Олмон, Италия, Швейтсария, Австрия, Кипр, Белгия, Сербия, Тайланд, Юнон, Ҳинд, Ҳолланд, Туркия, Чин, Тайван ва Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доранд.

Намоишгоҳи Эрон Пласт бузургтарин рӯйдоди санъати пластик дар Ховари Миёна аст.