Сентябр 26, 2018 00:32 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ дар Созмони миллал: Таҳрим ва такфир ду руи як сикка аст

Раиси ҷумҳури Эрон дар суханоне дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал гуфт: Давлати Амрико дар ҳайъати ҳокимаи феълии худ азми он дорад, ки ҳамаи ниҳодҳои байналмиллалиро бехосият кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ бо ишора ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ афзуд: Амрико бар хилофи ҳамаи қоъидаҳои байналмиллалӣ аз ҳамаи кишварҳо мехоҳад БАРҶОМ-ро  бекор кунанд ва хатарноктар инки ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалиро таҳдид мекунад, ки агар ба қатъномаи 2231-и Шурои амният амал кунанд муҷозот хоҳанд шуд.Ин ду, яъне "даъвати ом барои сарпечӣ аз қонун" ва ҳамчунин "таҳдиди қонунмадорон ба муҷозот" барои аввалин бор аст, ки дар таърихи ин созмон иттифоқ меафтад.

Руҳонӣ хитоб ба мақомоти Амрико гуфт: Ба қатънома бозгардед, ба мизи музокирае, ки худ онро барҳам задед бозгардед ва агар аз БАРҶОМ метарсед ва онро корномаи сиёсии рақибони худ дар Амрико медонед мо аз шумо даъват мекунем, ки ба қатъномаи Шурои амният бозгардед, таҳрим накунед, ки таҳрим ва такфир ду рӯи як сикка аст; дар такфир, андешаи инсонҳо инкор мешавад ва дар таҳрим зиндагӣ ва рифоҳи мардум бекор мегардад.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба дархостҳои Амрико барои гуфтугӯ бо Эрон гуфт: Мо бо чи меъёре метавонем бо чунин давлати бадаҳде, аҳди наве бибандем дар ҳоле, ки давлати Амрико пинҳон намекунад, ки дар пайи барандозии ҳамон давлате аст, ки хостори гуфтугӯ бо он аст, аммо бояд бидонад, ки ҳаргуна гуфтугуе бояд дар чорчуби идома додани БАРҶОМ ва қатъномаи 2231 Шурои амният бошад.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон таъкид кард, ки сиёсати хориҷии ин кишвар бар асоси таъаҳуд дар баробари таъаҳуд, поймолсозӣ дар баробари поймолсозӣ, таҳдид дар баробари таҳдид ва гом дар баробари гом ба ҷои ҳарф дар баробари ҳарф аст ва Эрон фақат ба дунболи вафои ба аҳд ва амал ба қонун аст.

Руҳонӣ бо ишора ба тарҳи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон таъкид кард: Ҷанги иқтисодие, ки Амрико таҳти унвони таҳримҳои тоза оғоз карда на танҳо мардуми Эронро ҳадаф қарор дода, балки дар раванди тиҷорати ҷаҳонӣ низ ихлол кардааст, аммо миллати Эрон бар рағми тангноҳои бархоста аз таҳримҳо ҳамчунон муқовим аст ва метавонад аз ин марҳила убур кунад.

Вай таъкид кард: Таърихи ҳазорсолаи Эрон нишон медиҳад, ки Эрон ва эронӣ ҳаргиз дар баробари туфони ҳодисаҳо нашикаста ва ҳатто сар хам накардааст.

Руҳонӣ бо ишора ба ҳодисаи террористии шанбеи гузашта дар шаҳри Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон гуфт: Мардуми мо имрӯз азодори шаҳодати даҳҳо инсони бегуноҳанд, ки рузи шанбе тавассути террористҳое ба хоку хун кашида шуданд, ки бо камоли вақоҳат аз бархе пойтахтҳои ғарбӣ ва дар мусоҳиба бо расонаҳое, ки дар Ғарб бо долларҳои нафтӣ идора мешаванд масъулияти ин ваҳшигариро пазируфтанд.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: Чаро раисони созмонҳои террористӣ аз ҷумла созмоне, ки масъулияти расмии амалиёти шанберо ба уҳда гирифт дар кишварҳои ғарбӣ фаолият мекунанд ва барномаи расмӣ барои ҷамъоварии пул мегузоранд? оё ин иқдомот хилофи муқаррароти байналмиллалӣ нест,?

Руҳонӣ дар поён таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон давлатест, ки бо ДИИШ ҷангид ва онро тасвире дуруғин аз исломгароӣ нишон дод. Воқеъиятҳои таърихӣ дар бораи Эронро бипазиред. Аз таҳрим даст бардоред ва ба такфир поён диҳед, зеро ҷаҳон дусте беҳтар аз Эрон нахоҳад дошт, агар сулҳ, орзуи шумост.

Масъалаи Фаластин ба унвони муҳимтарин буҳрони Ховари миёна ва нақши Амрико дар ин буҳрон, мавзуъи Сурия ва низ равобити сулҳомези Эрон бо ҳамсоягон аз дигар меҳварҳои суханони Руҳонӣ дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал буд.