Сентябр 26, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Терроризми такфирӣ, бузургтарин хатар барои ислом аст+филм

Раисҷумҳури исломии Эрон терроризми такфирӣ ва дииширо бузургтарин хатар барои чеҳраи раҳмонии ислом донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ шомгоҳи сешанбе ба вақти Ню-Йорк дар дидори ҷамъе аз раҳбарони ҷавомеи мусулмон дар Амрико, вазифа ва масъулияти раҳбарони диниро дар ташреҳи фарҳанги воқеии ислом дар асри кунунӣ бисёр сангин донист ва таъкид кард: Мусулмонон бояд дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон, ки зиндагӣ мекунанд, бо ахлоқ, рафтори дуруст, вафои ба аҳд ва садоқати худ, исломро дар амал таблиғ кунанд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба дастовардҳои минтақа дар мубориза бо террористҳо ва ба вижа ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра, тасреҳ кард: Террористҳои диишӣ бо ҷиноятҳои худ илова бар зулм ба мардуми минтақа, эътиқоди миллатҳо ба ислом ва динро низ аз байн бурдаанд.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин гуфт: Ояндаи Сурияро ҳатман бояд ба дасти суриҳо ва бо раъйи мардум ва баргузории интихобот таъин шавад.

 

Барчасп