Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳадафи душман эҷод ноумедӣ дар мардум аст
(last modified Fri, 28 Sep 2018 12:32:14 GMT )
Сентябр 28, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ҳадафи душман эҷод ноумедӣ дар мардум аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Ҳадафи душман аз тавтиаи густурда ва ба роҳ андохтани ҷанги тамомаёри иқтисодӣ-равонӣ, эҷоди ноумедӣ ва хастагӣ дар миллати Эрон аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон афзуд: Инқилоби исломӣ дар тули 40 соли гузашта бунёд ва низоми истикборро ба саркардагии Амрико ва саҳюнизми байналмилал ба ларза даровардааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард: Агар Амрико ва Исроил даст аз по хато кунанд, пойгоҳҳои онҳо дар минтақа амният нахоҳанд дошт ва рӯзи онҳо сиёҳ хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар мавриди роҳҳои ғалаба бо душман хотирнишон кард: Баҳрамандӣ аз фурсатҳо, манобеъ ва зарфиятҳои дохилӣ ва тақвияти руҳияи истодагӣ, ваҳдат ва ҳамафзоӣ боис мешавад, ки таҳримҳои Амрико дар азм ва иродаи миллат асари чандоне надошта бошад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмон милали муттаҳид хотирнишон кард: Оқибати зулм, суқут ва нобудӣ аст ва Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико фикр намекард, ки рӯзе дар Маҷмаи умумии Созмони милал мавриди тамасхури соири намояндагони кишварҳои ҷаҳон қарор гирад.

 

Барчасп