Сентябр 30, 2018 20:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон

Бар асоси ҷадидтарин омори гумруки Эрон, содироти ғайринафтии Эрон дар 6 моҳи гузашта, ба 23 миллиарду 123 миллион доллар расид.

Бар асоси тозатарин омори гумруки Эрон, аз тиҷорати хориҷӣ дар 6 моҳи гузашта, содироти ғайринафтии Эрон ба 56 миллиону 644 ҳазор тонна расид, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта аз назари арзиш доллар афзоиши 13 дарсадӣ доштааст.

Ақломи умдаи содиротии Эрон ба тартиб, моеоти газӣ, пропейни моеъшуда, равғанҳои сабук ва фаровардаҳо (ба ҷуз бензин) ва метанол будааст.

 

Барчасп