Октябр 02, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 40 тан аз сарони ДИИШ дар амалиёти мушакии сипоҳ

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Дастикам 40 тан аз сарони ДИИШ дар амалиёти мушакии сипоҳ ба маҳалли истиқрори террористҳои ДИИШ дар шарқи Фурот дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.

Генерал Амиралии Ҳоҷизода бо ишора ба ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии сипоҳ ба террористҳои ДИИШ дар шарқи Фурот дар Сурия гуфт: Бар асоси иттилооте, ки ба дасти мо расида, 40 нафар аз сарони ДИИШ ва низ фармондеҳи бахши Мусили ин гурӯҳ дар ин амалиёт кушта шуданд.

Генерал Амиралии Ҳоҷизода афзуд: Албатта ҳануз аҷсоде зери овор мондааст.  

Вай гуфт: Мо дар ин амалиёт ба сурати таркибӣ аз паҳпод дар канори мушак истифода кардем ва тибқи тасовире, ки доштем, ҳамаи аҳдоф нобуд шуданд. Ҳоҷизода афзуд: Амнияти миллати Эрон хати қирмизи масъулони мо аст ва кишварҳои ҳомии терроризм бояд бидонанд, ки террористпарварӣ яқаи онҳоро мегирад.