Зариф: Ҳукумати муътод ба таҳрими Амрико, шикасте дигар хурд
Октябр 03, 2018 17:10 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон судури қарори муваққати Девони байналмилалии додгустарӣ дар парвандаи шикояти Теҳрон алайҳи Вашингтонро шикасте дигар барои ҳукумати Амрико хонд.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Раъйи Девони байналмилалии додгустарӣ як шикасти дигар барои ҳукумати муътод ба таҳрими Амрико ва пирӯзӣ барои ҳокимияти қонун аст.
Девони байналмилалии додгустарӣ чаҳоршанбе эълом кард, салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико ба сабаби нақзи аҳдномаи маваддат ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии 1955 байн ду кишварро дорад.
Қозиёни ин девон ба иттифоқ ба лағви таҳримҳои доруӣ, ғизоӣ, башардӯстона ва ҳавоии Амрико алайҳи Эрон раъй доданд.
Барчасп