Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Тавтиаҳои Амрико зидди Эрон ноком хоҳад монд
(last modified Fri, 05 Oct 2018 12:01:58 GMT )
Октябр 05, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Тавтиаҳои Амрико зидди Эрон ноком хоҳад монд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ҷавонони эронӣ тавтиаҳои Амрико зидди кишварашонро ноком хоҳанд гузошт.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ҷавонони Эрони исломӣ ҳамеша пирӯзиофарин будаанд ва барои муқобила бо тавтиаҳои душманон дар омодагии комил қарор доранд.

Сиддиқӣ бо ёдоварии тавтиаҳои Амрико зидди Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва афзоиши фишорҳои иқтисодии ахир гуфт: Амрико ин бор ҳам аз мардуми Эрон силӣ хоҳад хӯрд ва дар тамоми тавтиаҳои худ низ ноком хоҳад монд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ дар идома бо ишора ба иҷтимои азим ва пуршукуҳи рӯзи панҷшанбеи басиҷиёни саросари Эрон афзуд: Ин иҷтимоъ, як ҳаракати ҳамосӣ ва душманбарандоз буд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бо қадрдонӣ аз посухи муқтадиронаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба авомили ҳамлаи террористии Аҳвоз низ гуфт: Амалиёти мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Сипоҳи посдорон, ҳомили паёми қудрати Эрон ба душманон буд.

Дар пайи ҷинояти террористии 22 сентябри Аҳвоз, ки ба шаҳодати 25 нафар ва маҷрӯҳ шудани 69 нафар аз мардуми мазлум ва бедифои Эрон мунҷар шуд, Сипоҳи посдорон душанбеи аввали октябр маҳали истиқрор ва таҷаммӯи террористҳои такфирии таҳти ҳимояти Амрико ва баъзе режимҳои минтақа, дар шарқи Фуроти Сурияро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.