Ҳамкории бонкии Эрон ва Русия густариш меёбад
Раисони кулли Бонки марказии Эрон ва Русия бар густариши ҳамкории шабакаи бонкии ду кишвар дар қолаби нақшаи роҳи мавриди тавофуқи ду тараф таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, Абдунносири Ҳимматӣ раиси кулли Бонки марказии Эрон, ки дар садри ҳайате ба Маскав сафар кардааст, рӯзи панҷшанбе бо Элвира Набиуллина ҳамтои руси худ дидор ва гуфтугӯ кард.
Ин мулоқот дар пайи дидори ахири раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар Теҳрон ва бо ҳадафи афзоиши равобити тиҷорӣ ва молии ду тараф анҷом шуд.
Дар ин дидор ду тараф дар бораи масоили мухталиф, аз ҷумла истифода аз арзҳои миллӣ дар равобити тиҷории дуҷониба, истифода аз сомонаҳои паёмрасони молӣ, афзоиши сатҳи равобити коргузорӣ ва таъмини молии тарҳҳои ободонӣ ва тавсиаӣ табодули назар карданд.
Бар асоси тавофуқи ду тараф ҳамчунин муқаррар шуд музокироти фаннӣ ва тахассусии тимҳои коршиносии ду тараф то дастёбӣ ба натиҷа, пайгирӣ шавад.
Талоши ду кишвари Эрон ва Русия, ки таҳти фишор ва таҳримҳои Амрико қарор доранд, канор гузоштани доллар аз мубодилоти тиҷорӣ аст.