Октябр 07, 2018 20:35 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Эрон ба Конвенсияи мубориза бо таъмини молии терроризм

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз бо илҳоқи Эрон ба Конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм CFT мувофиқат карданд.  

Намояндагон лоиҳаи илҳоқи давлати ҷумҳурии исломии Эрон ба Конвенсияи мубориза бо таъмини молии терроризмро бо 143 раъйи мувофиқ, 120 раъйи мухолиф ва 5 раъйи бетараф тасвиб карданд.

Лоиҳаи илҳоқи ҷумҳурии исломии Эрон ба Конвенсияи мубориза бо таъмини молии терроризм ба унвони яке аз лавоеҳи чаҳоргонаи марбут ба гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ FATF аст.

Гурӯҳи FATF ба ибтикори ҳафт кишвари санъатӣ (ҶИ ҳафт) дар 1989 ва бо ҳадафи шаффофияти молӣ ва муқобила бо пулшуӣ таъсис шуд.

Ҳадаф аз тасвиби ин конвенсия дар 21 декабри 2000 дар Палермои Италия, иртиқои ҳамкориҳо ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи муассиртар бо ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ аст.

 

Барчасп