Октябр 08, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Эрон ба Конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ рӯзи якшанбе бо пайвастани Эрон ба Конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм (CFT) мувофиқат карданд.

Лоиҳаи пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Конвенсияи мубориза бо таъмини молии терроризм ба унвони яке аз лоиҳаҳои чаҳоргонаи марбут ба гурӯҳи вижаи иқдоми молии FATF аст.

Ин мусавваба дар сурати таъйид аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон, ба давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷоза медиҳад, Конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм (мусавваби 9 –уми декабри 1999-и Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид) фарогирандаи як муқаддима, бистуҳашт модда ва як пайвастро албатта бо шартҳое мавриди пазириш қарор диҳад.

Дар конвенсияҳои байналмилалӣ кишварҳо метавонанд ҳаққи шарту парҳез кардан ва таҳаффуз дошта бошанд, ки ин амр дар мувоҷеҳа бо лоиҳаи CFT дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси бархе аз ин шартҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал таърифи амали террористиро фарогирандаи муборизоти қонунӣ ва машрӯи мардумӣ намедонад.

Зимни ин ки муҳтавои конвенсия дар мавориди таоруз ё носозгорӣ бо Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, лозимурриоя (риояаш ҳатмӣ) намебошад.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин эълом менамояд, ки муҳтавои он даста аз конвенсияҳо ва протоколҳои мундариҷ дар пайвасти ин конвенсия, ки ба узвияти онҳо дарнаомадаастро ба унвони бахше аз конвенсия талаққӣ наменамояд.

Комрони Надри, коршиноси ҳавзаи бонкӣ ин иқдоми маҷлисро мусбат ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳи намояндагон ба асли шаффофият дар иқтисод унвон кард ва гуфт: “Адами пазириши ин конвенсия кишварро дар занни иттиҳом қарор медод ва ин шубҳа эҷод мешуд, ки Эрон бо мубориза барои таъмини молии терроризм мухолиф аст ва ин навъе худтаҳримӣ буд. Зеро, ки шаффофият яке аз усули пазируфташудаи ҳамаи кишварҳост ва барои ин кишварҳо низ пайвастани Эрон ба ин конвенсия барои осонсозии иртибототи молӣ аҳамият дорад”.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт: “Наметавонем тазмин бидиҳем, ки бо пайвастан ба лоиҳаи адами ҳимояти молӣ аз терроризм, мушкилоти мо ҳал хоҳад шуд, аммо метавонем тазмин бидиҳем, ки бо напайвастан ба ин лоиҳа, Амрико баҳонаи муҳимеро барои афзоиши мушкилоти мо пайдо хоҳад кард”.

Бархе аз муоҳидоти байналмилалӣ ва конвенсияҳо ҳастанд, ки адами пайвастан ба онҳо сабаб мешавад, ангушти иттиҳом ба самти кишвар нишона гирифта шавад. Бо ин ҳол пазириши ин конвенсияҳо бояд тавъам ва ҳамроҳ бо огоҳӣ ва шинохти ҷомеъ ва комил бошад.

Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноте дар дидори намояндагони маҷлис бар зарурати бархурди ҳушмандона бо ин гуна конвенсияҳо ва муоҳидаҳои байналмилалӣ таъкид ва хотирнишон карданд: Ин муоҳидот ибтидо дар утоқҳои фикри қудратҳои бузург ва барои таъмини манофеъ ва масолеҳи онҳо пухтупаз мешавад ва сипас бо пайвастани давлатҳои ҳамсӯ ё дунболарав ё тарсида, шакле ба зоҳир байналмилалӣ мегирад, ба гунае, ки агар кишвари мустақиле монанди Эрон онҳоро қабул накунад, ӯро мавриди ҳуҷуми шадид қарор медиҳанд, ки масалан 150 кишвар пазируфтаанд, шумо чӣ тавр онро рад мекунед?

Гурӯҳи иқдоми молӣ ё FATF ба ибтикори ҳафт кишвари санъатӣ (Ҷи - 7) дар соли 1989 ва бо ҳадафи шаффофияти молӣ ва муқобила бо пулшӯӣ таъсис шудааст. Амрико ва қудратҳои зӯргӯ аммо барои расидан ба аҳдофашон аз бархеи ин муоҳидот, ки ба зоҳир дорои ваҷоҳати байналмилалӣ аст, сӯиистифода мекунанд. Аз ин рӯ, мунтақидони ин лоиҳа муътақиданд, ки пайвастан бидуни шинохти кофӣ ба ин муоҳидот метавонад абзори султа ва нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиди манофеи миллии кишвар шавад. Терроризм бар хилофи он чӣ Ғарб меномад, наметавонад ва набояд ба ҳеҷ дин, миллат, тамаддун ё гурӯҳу қавмияте нисбат дода шавад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон мутобиқи асли 123 – и Қонуни асосӣ ва мусаввабаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар июни соли 2001 ба Конвенсияи Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ пайваст.

Акнун низ мусаввабаи маҷлис бо таъкид бар дидгоҳҳо ва меъёрҳои низоми ҷумҳурии исломӣ баёнгари шаффофияти Эрон дар арсаи муборизаи фарогир бо терроризм аст.