Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Қатли Хошуқҷӣ, ҳувияти Амрико ва Арабистонро ошкор мекунад
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ таъкид кард: Ин парванда ҳувияти палиди Амрико ва Арабистон дар қатл, ғорат ва ҷиноятро ошкор мекунад.
Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд, 2 октябр баъд аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбул нопадид шуд ва бисёре аз манобеи хабарӣ эълом карданд, ки ӯ тавассути авомили вобаста ба режими Оли Сауд ба қатл расидааст.
Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба парвандаи қатли рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дар Истамбули Туркия афзуд: Парвандаи Хошуқҷӣ, пояҳои ҳукумати Оли Саудро ба ларза даровардааст ва Амрико бо гирифтани пулҳои калон аз Оли Сауд, дар садад аст то бар парвандаи Хошуқҷӣ сарпӯш бигузорад.
Оятуллоҳ Хотамӣ таъкид кард: Ошкор шудани ҷузиёти парвандаи Хошуқҷӣ, зарбаи сангине ба Амрико ва Арабистон мезанад.
Хатиби намозии ҷумъа Теҳрон ҳамчунин бо маҳкум кардани иқдоми террористҳо дар рабудани теъдоде аз неруҳои амниятӣ ва марзбонони эронӣ дар нуқтаи сифри марзии Мирҷова дар ҷанубу шарқи Эрон тасреҳ кард: Покистон зимни риояти ҳусни ҳамсоягӣ бо Эрон, тамоми талоши худро барои мубориза бо террористҳо ба кор гирад.