Истиқболи Эрон аз тасмими ҷадиди гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ - FATF
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз тасмими гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ – FATF дар тамдиди таълиқи Эрон аз феҳристи кишварҳои машмули иқдомоти сахти муқобилаи молӣ ва бонкӣ истиқбол кард.
Баҳроми Қосимӣ ҷумъашб гуфт, тасмими гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ муваффақияти дигаре барои дипломатияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо талошҳои густурдаи Амрикост, ки бо суиистфода аз раёсати давраии худ бар FATF ва бо кумаки режими саҳюнистӣ ва режими саудӣ дар садади бозгардонидани Эрон ба феҳристи сиёҳи гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ буд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ибрози хурсандӣ аз ин ки аксарияти қобили таваҷҷуҳи аъзои гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ таҳти таъсири илқооти сиёсии Амрико ва иддаи каме аз муттаҳидони он қарор нагирифтанд, дар айни ҳол бахшҳое аз баёнияи FATF, ки иқдомоти Эронро комил арзёбӣ намекунад, мавриди интиқод қарор дод.
Қосимӣ бо таъкид бар ин ки FATF бояд аз ангезаҳои сиёсӣ дурӣ ва фақат ба гузоришҳои фаннӣ таваҷҷуҳ кунад, изҳор дошт, бар асоси гузоришҳои фаннӣ, ки то кунун ба ин ниҳод ироа шудааст, аксари мавориди фаннии мавриди дархост дар барномаи иқдоми марбут ба Эрон ба таври комил иҷро шудааст ва бақия низ пас аз тайи мароҳили қонунӣ иҷро хоҳад шуд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани иқдомоти манфии Амрико дар нишасти FATF хотирнишон кард, Амрико нишон додааст, ки узви қобили эътимоде дар ҷомеаи байналмилалӣ нест ва бо иқдомоти якҷонибагароёнаи худ дар садади тахриби ҳамаи дастовардҳои чандҷонибагароӣ аст.
Гурӯҳи вижаи иқдоми молӣ рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти шашрӯзаи худ дар Порис бо рӯйкарди фаннӣ ва ғайрисиёсӣ, бо вуҷуди талош Амрико ва муттаҳидонаш бо ироаи мӯҳлати чаҳормоҳа ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мувофиқат кард ва суръат додан ба масири ислоҳ ва такмили иқдомоти боқимондаи бонкӣ ва молии марбут ба FATF хостор шудааст.